ВУД: сабабҳои оташсӯзӣ дар "Султони Кабир" муайян мешавад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПожарные и спасатели МЧС. Архивное фото
Пожарные и спасатели МЧС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сӯхтор сари вақт хомӯш карда шуда, дар натиҷаи сӯхтор фавти одамон ба қайд гирифта нашудааст, гуфта мешавад дар иттилои манбаъ

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вебгоҳаш ҳодисаи сӯхтори бозори "Султони Кабир"-ро тавзеҳ додааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳанӯз далоили сар задани сӯхтор муайян карда нашудааст.

 "Таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби коршиносон идома дошта, сабаб ва зарари он муайян карда мешавад",- менависад ниҳод.

Ёдрас мешавем, шоми 2 июн дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ ба амал омад.

Бино бар иттилои манбаъҳои расмӣ, дар пайи он хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, аланга ба тоҷирон хисороти молӣ расонидааст.

Пештар шаҳрдории Душанбе ба роҳбарияти "Султони Кабир" дастур дода буд, ки дар асоси натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи фаврии тафтишотӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба соҳибкорони зарардида ҷиҳати ҷуброни хисороти расида тамоми чораҳои бетаъхирро роҳандозӣ намояд.

Лозим ба ёдоварист, ки сӯхтор дар ин бозор бори аввал тайи чанд соли ахир рух дод.

Лентаи хабарҳо
0