Рамазон Раҳимзода бо тарзи кори милисаҳои Тошканд ошно шуд

© Фото : Аз ВУДРамазон Раҳимзода бо тарзи кори милисаҳои Тошканд ошно шуд
Рамазон Раҳимзода бо тарзи кори милисаҳои Тошканд ошно шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо рафти фаъолият ва хизматбарии қисми навбатдорӣ, низоми худкори идоракунии "Шаҳри бехатар" Тошканд ошно шудааст

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар доираи сафар ба Узбакистон аз Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд боздид кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ВКД.

"Дар ҷараёни боздид аз рафти фаъолият ва хизматбарии қисми навбатдорӣ, низоми худкори идоракунии "Шаҳри бехатар" ва техникаю таҷҳизотҳои махсус шинос гардид", — омадааст дар хабарнома.

Хотиррасон мекунем, ки вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар чорчӯби ин сафараш бо вазири корҳои дохилаи Узбакистон мулоқот кард.

Зимни мулоқот тарафҳо масалаҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷинояткориро баррасӣ намудаанд.

Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода бо вазири умури дохилаи Узбакистон чиро баррасӣ кард

Ин дар ҳолест, ки Пулот Бобоҷонов охирин бор моҳи марти соли 2018 ба Душанбе сафар карда буд.

Тарфҳо зимни мулоқот таъкид намудаанд, ки кишварҳо бояд муборизаро бар зидди ҷинояткорӣ пурзӯр кунанд. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон як қатор пешниҳодҳои худро дар бораи рушди ҳамкории мутақобил, ба ҳамтои узбакаш пешниҳод кард.

Ба хусус таъкид карда шуд, ки бояд табодули маълумоти оперативӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомотҳои умури дохила, тайёр намудани мутахассисони касбӣ дар академияи ВКД ҳар ду кишвар, гузаронидани семинарҳо, конфронсҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва ғайраро, зиёд намоянд.

Дар баробари ин, вазири корҳои дохилаи Узбакистон изҳори сипос намуд ва афзуд, ки муносибати дустона ва бародаронаи роҳбарони ду кишвар имкон медиҳад ҳамкориҳоро дар сатҳи баланд рушду идома бидиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0