Сокини шаҳри Перм барои панҷ ҳазор рубл бо ҷавони тоҷик хонадор шуд

© Sputnik / © Стас ЭтвешСвадебные украшения. архивное фото
Свадебные украшения. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷа издивоҷи тоҷикписар ва пермдухтар бекор гардида, беъэтибор дониста шудааст

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Сокини шаҳри Перм ба писари тоҷик барои панҷ ҳазор рубл шавҳар кардааст, хабар медиҳад Life бо истинод ба додситони минтақавӣ.

Зодаи Тоҷикистон аз русдухтар хоҳиш кардааст, ки бо вай хонадор шавад то тавонад шаҳрвандии Русияро бо роҳи соддатар ба даст биёрад ва барои ин кор ҷавони тоҷик ба ин духтар, панҷ ҳазор рубл додааст.

"Дар асл ин шахсон мақсади таъсиси оила надошта, якҷоя зиндагӣ намекарданд, молу мулки муштарак надоштанд",- гуфта мешавад дар иттилои додситонӣ.

Мигрантка из Таджикистана входит с ребенком в свой дом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шоиста Қодирова: кош дар муҳоҷират шавҳар намекардам...

Дар натиҷа издивоҷи тоҷикписар ва пермдухтар бекор гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки пештар дар Русия додситонии яке аз ноҳияҳои шаҳри Воронеж ба додгоҳ муроҷиат карда буд то издивоҷи қалбакии русдухтару тоҷикписареро бекор кунад.

Издивоҷ соли 2015 сабт шуда буд. Додситонӣ муқаррар кард, ки ҷуфт барои он ба қайд гирифта шудааст, ки зодаи Тоҷикистон хостааст ҳарчӣ зудтар соҳиби иҷозатномаи зисти муваққатӣ дар Русия, гардад.

Бар ивази қадрдонӣ барои ин хидмат, шаҳрванди Тоҷикистон хонаи арӯсро ройгон таъмир кардааст. Соли 2016 ИХМФ ба домоди навзуҳур иҷозати истиқомат дар кишварро дод. Баъдтар маълум гашт, ки ҳамсарон якҷоя зиндагӣ намекунанд.

Лентаи хабарҳо
0