ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар поёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев Эъломияи муштаракро имзо карданд.
Ҳамчунин дар ҳузур ва бо ширкати сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон санадҳои зерин имзо карда шуданд:
Созишномаи бозпазирии шаҳрвандони ихроҷшуда миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон;
Протоколи иҷроии Созишномаи бозпазирии шаҳрвандони ихроҷшуда миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон;
Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони ҶТ дар қаламрави ҶҚ ва шаҳрвандони ҶҚ дар қаламрави ҶТ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати умури хориҷии ҶТ ва Вазорати умури хориҷии ҶҚ барои солҳои 2018 – 2019;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи умури иҷтимоъӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Вазорати кору ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶҚ;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи кору шуғли аҳолӣ миёни Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Вазорати кору ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶҚ.
Ҳамчунин дар паи сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон 5 санади дигари ҳамкорӣ низ имзо шуд:
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури диниву ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Қазоқистон;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ожонси хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи инҳисорзудоӣ миёни Хадамоти инҳисорзудоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи рушди гардишгарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати миллии "Казах Туризм";
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи хадамоти давлатӣ миёни Ожонси хадамоти давлатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва Ожонси хадамоти давлатӣ ва мубориза бо фасоди Ҷумҳурии Қазоқистон.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкории ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор карданд.
Сарони ду кишвар натиҷаҳои гуфтугӯҳо дар сатҳи олиро барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва равобити роҳбурдӣ судманд арзёбӣ карданд.