ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД Тоҷикистон, меҳмононро дар саҳни Академияи ВКД, роҳбарият ва ҳайъати профессорону омӯзгорон пешвоз гирифтаанд.
Меҳмонон дар ин дидор бо роҳбарият ва ҳайъати профессорону омӯзгорон сӯҳбати ихтисосӣ кардаанд.
Низомиёни покистонӣ аз бинои нави Академияи ВКД, боздид кардаанд.
Ба иттилоъи манбаъ, зимни боздид аз бинои Академия диққати меҳмононро раванди омода намудани мутахассисон дар самти пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар Академияи ВКД ба худ ҷалб кардааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ гурӯҳи кории Покистон ба Академияи ВКД, аз меҳмоннавозӣ ва сӯҳбатҳо изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардаанд, ки тамоми кӯшишу ғайрати хешро дар самти тақвияти бештари ҳамкориҳои дуҷониба бо Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф хоҳанд кард.
Пештар хабар дод ашуд, ки Покистон дар паи танишҳо дар равобити Исломобод ва Вашингтон расман ҳамкориҳои дифоъӣ ва иттилоъотии худ бо Амрикоро боз истонид.
Вазири дифоъи Покистон Хуррам Дастгирхон расман эълом кард, ки ҳамкориҳои дифоъии Исломобод бо Вашингтон боз истонда шудаанд.