ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Имрӯз дар марз миёни Тоҷикистон ва Узбакистон даҳ гузаргоҳе бозкушоӣ хоҳанд шуд, ки пештар баста шуда буданд, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.
“Имрӯз дар марзи Узбакистон ва Тоҷикистон як гузаргоҳи роҳи оҳан, ҳашт гузаргоҳи худравгузар ва як посгоҳи марзбонӣ оғоз ба кор хоҳанд кард”, — хабар додааст ТоҷикТА ба нақл аз манбаъе дар сафорати Узбакистон дар Душанбе.
Пештар хабар дода шуда буд, ки 21 феврал нахуствазири Узбакистон Абдуллоҳ Орипов қарори ҳукумати Узбакистонро имзо карда, ки бар асоси он гузаргоҳҳои марзӣ миёни он кишвар ва Тоҷикистон дубора оғоз ба кор хоҳанд кард.
Бар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Узбакистон имрӯз гузаргоҳҳои зерин бозкушоӣ мешаванд:
— Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар роҳи миёни шаҳрҳои Панҷиканд ва Самарқанд;
— Гузаргоҳҳои “Қӯшкент” ва “Ӯчтурған” миёни ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафаробод ва Ҷиззах;
— Гузаргоҳҳои “Ховастобод” ва “Бекобод” миёни ноҳияи Спитамен ва ноҳияҳои вилояти Тошканд;
— Гузаргоҳи “Поп” миёни ноҳияи Ашт ва вилояти Намангон;
— Гузаргоҳи “Равот” миёни шаҳри Конибодом ва вилояти Фарғона;
— Гузаргоҳи “Гулбаҳор” миёни ноҳияи Шаҳритус ва вилояти Сурхондарё;
— Гузаргоҳи роҳи оҳани “Амузанг”, ки вилояти Сурхондарёро бо истгоҳи роҳи оҳани “Хошади” дар вилояти Хатлон пайваст мекунад.
Ҳамчунин дар наздикии рустои Ҷартеппа дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд низ посгоҳи марзӣ бо шаҳри Панҷиканд бозкушоӣ мешавад.