ДУШАНБЕ, 19 феврали — Sputnik. Камубеш 10 тан аз бошандагони ҷамоати Тоҷикобод дар ноҳияи Вахш ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони теруристии "Давлати исломӣ” (ё ДОИШ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ шудааст) дастгир шудаанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
“Дар вилояти Хатлон камобеш 10 тан аз бошандагони ҷамоати Тоҷикобод дар ноҳияи Вахш ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони теруристии “Давлати исломӣ” дастгир шудаан. Онҳо муттаҳам ба афроштани парчамҳои сиёҳи ДОИШ бар боми чанд хона шудаанд”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.
Расона гузориш медиҳад, ки дар миёни дастгиршудагон яке аз хешовандони Саид Абдуллоҳ Нурӣ, бунёдгузори Ҳизби назҳати исломӣ, ки дар Тоҷикистон мамнуъ шуда, низ ҳаст.
Гуфта мешавад, ки ин шаҳрвандон 16 феврал дар паи афрошта шудани парчамҳои ДОИШ бар фарози боми камубеш ду манзил, аз ҷумла дар боми хонаи бародарзодаи Нурӣ – Нусратулло Саидов, дастгир шудаанд.
Ҳамакнун нерӯҳои амниятӣ дастгиршудагонро бозпурсӣ мекунанд.