ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар задухӯрде, ки 11 январ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар қаламрави ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ рух додааст, яке аз қочоқбарон кушта шудааст.
Ба гузориши равобити умумии Нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ, сарбозони подгони марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ кӯшиши марзшикании гурӯҳе аз қочоқбарои маводи мухаддирро хунсо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки марзбонон дар маҳалли задухӯрд ҷасади яке аз қочобарон ва 32 килуграм афюнро пайдо кардаанд. Дигар қочоқбарон ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурдаанд.
Равобити умумии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар поёни соли 2017 эълом карда буд, ки дар соли гузашта 31 бор бо қочоқбарони маводи мухаддир задухӯрд доштааст. Дар ин задухӯрдҳо 18 қочоқбар кушта ва 20 касашон дастгир карда шудаанд.
Аммо Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳам дар ин задухӯрдҳо чандин сарбозу афсарро аз даст додаанд. Чунончи, дар задухӯрде, ки 2 декабр дар қаламрави подгони марзбонии Шамсиддин Шоҳин рух дода буд, фармондеҳи ин подгон сарҳанг Хайриддин Аҳтамов кушта ва чаҳор афсару сарбоз захмӣ шуда буданд.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар соли 2017 беш аз 1700 килуграм маводи мухаддиро низ кашфу мусодира кардаанд.