Раисҷумҳур ёдовар шуд, ки мубориза бо терроризм-яке аз самтҳои асосии фаъолияти сохторҳои амниятӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин дидор раиси Кумитаи амнияти Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов низ ширкат дошт.
Владимир Путин гуфт, мақомтҳо доим дар ҳимояи манфиатҳои кишварҳояшон нақши муҳимро мебозиданд.
"Махсусан мехоҳам, ҳоло аз ветеранҳо ёдовар шавам, ки манфиатҳои ватанашонро дар ҶБВ ҳимоя мекарданд. Онҳо арзанда ҳастанд, ки мо аз онҳо ёд кунем ва хотирашонро гиромӣ дорем",- қайд кард Владимир Путин.