Тоҷикистон бо Ҷамайка равобити дипломатӣ роҳандозӣ кард

© Фото : Пресс-служба МИД РТПостоянные представители Республики Таджикистан и Ямайки при ООН Махмадамин Махмадаминов и Куртенай Раттрай.
Постоянные представители Республики Таджикистан и Ямайки при ООН Махмадамин Махмадаминов и Куртенай Раттрай. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамайка бо якдигар равобити сиёсӣ барқарор карданд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дирӯз, 11 декабр дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштараки барқарорсозии равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамайка баргузор шуд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, Баёнияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии ҶТ дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷамайка Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Куртенай Раттрай имзо кардаанд.

Ҷамайка кишваре ҷазираӣ аст, ки дар дарёи Кариб, дар ҷануби Куба ва ғарби Ҳаитӣ ҷойгир шудааст. Пойтахти он шаҳри Кингстон аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Тоҷикистон бо Баҳама ва Маврикия низ равобити сиёсӣ барқарор карда буд.  

Лентаи хабарҳо
0