Шаҳрдор: фидокории Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандорӣ аст

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Исфара зимни мулоқот бо донишҷӯёни шаҳр гуфт, ки фидоркории раисҷумҳури Тоҷикистон намунаи олии ватандорӣ аст

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят мулоқоти раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода бо донишҷӯён баргузор шудааст.

Дар ин мулоқот Дилшод Расулзода гуфтааст, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат ҷавонон бояд дарк намоянд, ки тақдири минбаъдаи давлату халқи Тоҷикистон дар дасти онҳост ва масъулияти минбаъдаи таъмини амнияту субот, рушду инкишоф ва муаррифии Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ бар дӯши онҳо вогузор хоҳад шуд.

"Барои ҳар як ҷавони бонангу ор ҷонбозиву фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии шинохти Ватану ватандорӣ мебошад", — гуфтааст шаҳрдор.

Студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумакпӯлии шаҳрдор ба донишҷӯёни фаъол

Дар идомаи мулоқот донишҷӯён ба раиси шаҳр вобаста ба паҳлуҳои мухталифи зиндагиву таҳсилашон суолу дархостҳояшонро пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба 45 нафар донишҷӯёни аълохон, ятим ва аз оилаҳои камбизоат кумакҳои пулӣ ва ба 45 донишҷӯи дар хобгоҳ иқоматдошта маводи хӯрока тақдим карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои олӣ, касбиву техникӣ ва коллеҷҳои маркази вилоят 1284 нафар ҷавонони Исфара таҳсил менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0