ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар назар дорад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро ба Урали Миёна бештар кунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Утоқи саноеъву бозаргонии Урал.
Чанде пеш ҳайъате аз соҳибкорони вилояти Суғд аз вилояти Свердлов боздид кардааст. Онҳо умедворанд, ки дар Русия бозорҳои нав барои фурӯши меваву сабзавот пайдо хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2018 дар Петербург фурӯшгоҳи занҷираии "Шаҳри сабзавот" ба баҳрабардорӣ расидааст. Дар назар дошта шудааст, ки ин фурӯшгоҳ дар 28 ҳектар замин бунёд мешавад ва дар он маҳсулот коркард, нигаҳдорӣ ва фурӯхта мешавад. Ҳамчунин дар ин фурӯшгоҳ меҳмонхона, бозор, бинои маъмурӣ ва таваққуфгоҳ барои худравҳои боркаш сохта шаванд.
Пештар хабар дода шуд, ки шаҳрдории Нижний Новгород ва Прем хостори ворид шудани меваву сабзавот ва нӯшобаву асал аз Тоҷикистон шудааст.
Ҳамчунин бештар аз 200 корхонаҳои хӯроквориву саноатӣ ва савдои яклухту чаканаи Русия изҳор доштаанд, ки омодаанд бо ширкатҳои Тоҷикистон мустақиман қарордод банданд.