ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дастгир шудани як шаҳрванди ин кишвар ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсиро таъйид кард.
"Мо тайид мекунем, ки Нерӯҳои интизомии Куреи Ҷанубӣ як шаҳрванди Қазоқистонро ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ дастгир кардаанд. Ҷузъиёти ин қазияро ниҳодҳои бозҷӯии Куреи Ҷанубӣ ошкор накардаанд, то дар амалиёти бозҷуст халале нарсад", — гуфт намояндаи хадамоти матбуотии ВУХ Қазоқистон.
Вай гуфта, ки консули Қазоқистон бо хешовандони он шаҳрванд, вакили мудофеъаш ва додситони куреӣ ҳамвора дар тамос аст.
"Сафорати Қазоқистон дар Куреи Ҷанубӣ ин қазияро пайгирӣ дорад", — гуфт намояндаи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон.