Дар Петербург тоҷикҷавоне ба иттиҳоми раҳбарии гурӯҳаки ДОИШ дастгир шуд

© SputnikУчения Антитеррор 2017 в Душанбе
Учения Антитеррор 2017 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам ба таблиғу интишори ақоиди гурӯҳаки теруристии ДОИШ дар интернет бо корбурди барномаҳои WhatsApp, Telegram ва Zello шудааст

Рассмотрение ходатайства следствия об аресте подозреваемых в подготовке взрывов в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Маскав се тоҷикро ба иттиҳоми теруризм боздошт кард
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ба гузориши расонаи русии Фонтанка, дар вилояти Ленинград як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми раҳбарии гурӯҳаки петербургии ДОИШ дастгир шудааст. 

Нерӯҳои амниятии Русия ӯро муттаҳам ба таблиғу интишори ақоиди гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" ба василаи барномаҳои WhatsApp, Telegram ва Zello кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон раҳбарии гурӯҳаки петербургии ДОИШ-ро бар уҳда дошта ва барои ин созмони теруристӣ сарбозгирӣ мекардааст. 

Ҳангоми бозҷӯӣ дар манзили вай адабиёти доишӣ, таппончаву тир, 50 грам маводи мухаддир, ноутбук ва чанд дастгоҳи телефони ҳамроҳ ёфт шудааст.

Ҳамзамон дар Петербург як ҷавони 28-сола низ дастгр шуда, ки гуфта мешавад, бо даъвати раҳбари гурӯҳаки петербургӣ ба ДОИШ пайвастааст ва мебоист барои анҷоми ҳамлаҳои теруристӣ дар урдугоҳҳои теруристҳо омӯзиш мегирифт.

 

Лентаи хабарҳо
0