Лавров: Амрико "Ҷабҳат-ун-нусрат"-ро нигаҳ дошта то Асадро сарнагун кунад

Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия бар ин бовар аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд дорад аз теруристҳои "Ҷабҳат-ун-Нусрат" барои сарнагун кардани раисҷумҳури Сурия Башор Асад истифода кунад

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, ки Амрико ҷангҷӯёни созмони теруристии "Ҷабҳат-ун-нусрат"-ро нигаҳ дошта то аз онҳо барои сарнагунии раисҷумҳури Сурия Башор Асад истифода кунад.

"Намуна бисёр аст, ки гувоҳӣ медиҳанд, ки "Ҷабҳат-ун-нусрат" хоста ва ё нахоста аз майдони фаъолиятҳои амалии эътилофи амрикоӣ канор мондаанд. Ҳамчунин далел ҳам кам нест, ки гумон барем, ки онро ҳамчун нерӯи тавонманду ҷангозмудае, ки бо давлат меҷангад, нигаҳдорӣ ва пуштибонӣ кардаву мекунанд то рӯзе аз он барои сарнагунии давлати қонунӣ истифода баранд", — гуфт вазири хориҷии Русия.

Вай бар ин назар аст, ки низомиёни амрикоӣ ин гурӯҳро, ки дар каронаҳои шарқии Ҳалаб камин гирифтаву шаҳрвандонро барои худ сипар кардааст, фурсате медиҳанд то нафас тоза кунад.

Сирийская армия прорвала осаду города Дейр-эз-Зор - Sputnik Тоҷикистон
Сурия Амрикоро муттаҳам ба ҳамдастӣ бо ДОИШ кард

"Ҷабҳат-ун-нусрат" шуъбае аз созмони теруристии "Алқоида" дар Сурия ва Лубнон аст, ки 23 январи соли 2012 дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия ташкил шуда ва яке аз нерӯмандтарин гурӯҳҳои ҳаросафкан дар ҷаҳон шумурда мешавад. Ин гурӯҳро Созмони милали муттаҳид ва бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Эрон ва Русия, созмони теруристӣ шинохтаанд.

Ҷангҷӯёни "Ҷабҳат-ун-нусрат" бештар суриёнӣ ҳастанд, вале аз Арабистон, Ироқ, Покистон, Лубнон, Туркия, Русия, Фаронса, Бритониё ва дигар кишварҳо низ ҷангҷӯ дорад.          

Лентаи хабарҳо
0