Ҳамсари як ҷангҷӯи тоҷики ДОИШ бо 5 кӯдак дар Ироқ дар мондааст

© RussiaToday16-летняя вдова боевика вынуждена ухаживать за пятью детьми: RT ищет родственников
16-летняя вдова боевика вынуждена ухаживать за пятью детьми: RT ищет родственников - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оишаи 16-сола бо падару модараш дар Мавсил зиндагӣ мекард, вале сипас бо шавҳараш ба шаҳри Талл-Афъар меравад ва иртибот бо хонаводаашро гум мекунад

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ба гузориши шабакаи телевизюнии RT, дар Ироқ як шаҳрванди 16-солаи Тоҷикистон шиносоӣ шуда, ки шавҳараш аз ҷангҷӯёни ДОИШ будаву дар ҷанг кушта шудааст.

"Оиша 16-сол аст. Шавҳараш як ҷангии ДОИШ будааст, ки кушта шудааст. Ин духтар аз Тоҷикистон аст", — гуфта мешавад дар гузориш.

Ин духтарро аз дасти ҷангиёни доишӣ наҷот дода ба Бағдод овардаанд. Ҳамроҳ бо ӯ чанд кӯдаки дигар низ наҷот дода шуданд. Ин духтар як хоҳари 7-сола ва ду додар ҳам  дорад, ки яке 9-сола ва дигаре 3-сола аст.

"Ман намедонам, ки волидонам дар куҷоянд. Онҳо аввал дар Мавсил буданд ва пас аз оғози ҷанг ман ба шаҳри Талл-Афъар рафтам", — мегӯяд вай.

Ситуация в Мосуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Урдугоҳи дигари тоҷикон дар Ироқ пайдо шуд

Афзун бар хоҳару бародарони хурдсолаш, ду кӯдаки ятими дигар — Фуадими 4-моҳа ва Марями 3-сола низ дар дасти Оиша мондаанд. Оиша бо модари Марям дар роҳ ба ятимхона шинос шудааст. Ин зан аз Русия будааст. Ба гуфтаи Оиша модари Марям аз дарди дил дар мегузарад ва нигаҳбонии ду кӯдакаш ба дӯши Оиша меафтад.

Марям ба рӯзноманигор чизе намегӯяд. Ягона далеле ки дар бораи ин ду кӯдак маълум аст, номи падари онҳо Самир будааст.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки дар яке аз ятимхонаҳои Ироқ 5 духтарак ва писараке пайдо шуданд, ки ба забони русӣ ҳарф мезананд.

Хабарнигори Russia Today ба ин ятимхона рафта, аз аҳволи онҳо хабар гирифта буд. Пас аз он навор маълум, шуд, ки аз ин панҷ нафар якеашон зодаи Тоҷикистон аст.
Худи Марям гуфта буд, ки дар Миср таваллуд шудааст ва як додар ва хоҳар низ доштааст, ки онҳо ҳам дар Миср таваллуд шудаанд, аммо ҳамаи онҳо чанде пеш ба ҳалокат расидаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, аз ҳама ниҳодҳои Тоҷикистон расман дархост кардааст, ки дар шиносоии ҳувият ва миллияти Марям ва хонаводааш ҳамкорӣ кунанд.
Баъдтар 4 кӯдаке, ки Russia Today аз ёфт шудани он хабар дода буд, ба Русия бар гардонида шуданд.

Аммо аз маълум шудани ҳувият ва миллияти Марям аз ҷониби мақомотҳои Тоҷикистон хабаре нарасидааст.  Эҳтимол меравад, Марям то ҳол дар ятимхонае дар Ироқ мемонад.

Лентаи хабарҳо
0