ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Суханронии кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷаласаи Кумитаҳои миллии Туркия ва Амрико бо далели задухӯрд қатъ шуд.
Ба гузориши New York Times, ин задухӯрд миёни тарафдорон ва мухолифони Эрудғон сар задааст.
Ба гузориши рӯзнома, раисҷумҳури Туркия дар ҷаласаи якҷояи Туркия ва Амрико дар меҳмонхонаи Marriott Marquis суханронӣ кард. Эрдуғон пас аз ширкат дар Иҷлосияи 72-уми Маҷмааи Умумии СММ ба ин ҷо омада буд.
Дар давоми суханронии ӯ касе аз толор садо баровард: "Ту терурист ҳастӣ. Аз кишвари ман гум шав!".
Пас аз ин суханон задухӯрд оғоз шуд, ки ширкаткунандагон онро ба навор гирифтанд.
Аз навор дида мешавад, ки чӣ амниятиҳо гуна тазоҳуркунандагонро тела додаву берун мебароранд.
Чуноне пулиси Ню-Йорк хабар медиҳад, дар паи ин задухӯрд камо беш панҷ кас боздошт шуда пас аз чанде озод шуданд.