"Нобиға": Дар Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии Бобоҷон Ғафуров китоб нашр карданд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкКнижная выставка, архивное фото
Книжная выставка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рисолаи "Нобиға"-ро нашриёти "Меъроҷ" ба теъдоди 200 нусха мунташир кардааст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 110-солагии олими тоҷик Бобоҷон Ғафуров рисолаи "Нобиға" мунташир шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ки китоб маҳсули профессор Усмонҷон Ғаффоров ва намзади илмҳои таърих Аюбҷон Усмонов буда, аз 140 саҳифа иборат аст.

Рисолаи мазкур ба таҳқиқу баррасии рўзгору осори академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, олим ва муаррих бахшида шудааст.

Библиотека - Sputnik Тоҷикистон
"Тоҷикистони бузург": Усмонов бар пояи гуфтовардҳои Раҳмон китоб навишт

Мақоми ин шахсияти барҷастаи таърихи миллати тоҷик ва густаришу таблиғи андешаи миллӣ бар асоси корномаҳо ва таълифоти ў дар рисола шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Дар канори ин, дар китоби мазкур гуфтори ҳикматомўз, насиҳатномаи модар ба фарзанди хеш, инчунин андешаҳои шахсиятҳои бузурги олам дар бораи академик БобоҷонҒафуров фароҳам омадаанд. Аз ин рў, китоб барои мутолеаи доираи васеи хонандагон манзур мешавад.

Ба он академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимӣ Носирҷон Юсуфзода пешгуфторе таҳти унвони "Муҳаққиқ ва мубаллиқи таърихи миллат" навишта, аз ҷумла роҷеъ ба арзиши асар чунин таъкид доштаанд: «Нигорандагони ёдшуда фаъолиятҳои академик Бобоҷон Ғафуровро оид ба таҳаввули худшиносии миллӣ ва амиқрафти ҳуввияти ҷомеа тадқиқ намуда, маҷмўаи гуфторҳои нодири ин донишманди тоҷикро бар асоси сарчашмаҳои мухталиф, сўҳбат бо афроде, ки бевосита ҳамнишини аллома Бобоҷон Ғафуров будаанд, гирд овардаанд, ки онҳо низ дорои аҳамият буда, мероси маънавии ин фарзанди бузурги миллат маҳсуб меёбанд".

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин дувумин китобест, ки ба истиқболи 110 — солагии академик Бобоҷон Ғафуров нашр шудааст. Қабл аз ин китоби "Тоҷикшиноси бузург" ба нашр расида буд.

Лентаи хабарҳо
0