ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Sputnik Афғонистон дар натиҷаи ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии микрараёни дувуми шаҳри Кобул- сари чорроҳи Аҳмадшоҳи Масъуд 4 тан кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуданд.
Бано бар иттилои манбаъ, соатҳои 10-и маҳаллӣ (бо вақти Душанбе 10:30- идора) як ҳамлакунандаи интиҳори маводи ҳамроҳашро дар як бонки хусусӣ дар чорроҳаи Масъуд ва Абдулҳақ мунфаҷир кардааст.
"То ҳол аз ин рӯйдод 4 ҷасади ғайринизомӣ ва се захмӣ ба шифохона интиқол дода шудааст",- гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.
Бо иттиҳоми ташкили инфиҷор нерӯҳои амнияти афғон як гумонбаршавандаро боздошт кардаанд.