Задухӯрди 150 тоҷику озарбойҷонӣ дар яке аз бозорҳои Русия аз барои як узбак

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкДрака, архивное фото
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар яке аз бозорҳои шаҳри Нижний Новгород 150 тоҷику озарбойҷонӣ пас аз ҷанҷоли як узбак бо фурӯшанда бо арматураву санг ҳамдигарро "қир карданд"

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бино ба гузориши рӯзномаи "Коммерсант", дар яке аз бозорҳои хӯроквории шаҳри Нижний Новгород миёни тоҷикону озарбойҷониҳо задухӯрди гурӯҳӣ сурат гирифтааст.

Дар ин задухӯрд 150 тоҷик ва озарбойҷонӣ ба якдигар дар афтодаанд. Далели ин задухӯрд ҷанҷолу носазогӯии фурӯшандаи озарбойҷонӣ ва харидори узбаке будааст, ки бо худраваш пеши дукони фурӯшандаро баста будааст.

"Шоҳидони задухӯрд мегӯянд, ки ҷанҷол пас он бархост, ки харидор фурӯшандаро таъна зад, ки "дар миёни озарбойҷониҳо марде нест". Ин таъна ба озарбойҷониҳо сахт расидаву ҳама фурӯшандаҳо бар сари харидор рехтаанду ӯро лату кӯб карда аз бозор берун кардаанд. Аммо ӯ низ таҳдид карда, ки бо ҳамшаҳриҳояш пас мегардаду кинашро меситонад.

Чуноне, ки рӯзнома менависад, ин марди узбак пас аз чанде бо гурӯҳе ба бозор бар мегардад, ки гуфта мешавад, аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Миёни ин гурӯҳ ва фурӯшандаҳо задухӯрд оғоз мешавад. "Ҷанговарон" аз ҳар ду тараф аз "ҷангафзорҳо" — санг, чӯб, тахта ва арматур истифода кардаанд.

Аз ин задухӯрд зуд ба пулис хабар медиҳанд. Аммо то омадани пулис задухӯрд фурӯкаш карда будааст ва пулис касеро дастгир накард. Пас аз ин чанде нерӯҳои ошӯбнишон ҳам "ташриф оварданд". Аз "баракати" ин задухӯрд кормандони пулис ҳуҷҷатҳои фурӯшандаҳоро тафтиш кардаву рафтааст.

Пулис барои бозҷӯии авомили ин задухӯрд парванда оғоз кардааст. Аммо то кунун касе ба пулис аз ин ҳодиса шикоят накардааст.

Лентаи хабарҳо
0