Чаро?!: дар Суғд чанде аз сохтору идораҳо аз ташкили нишасти расонаӣ даст кашиданд

© Торгово промышленная палата РТПресс-конференция по итогам деятельности Таджикистан за 1-ю половину 2017 года
Пресс-конференция по итогам деятельности Таджикистан за 1-ю половину 2017 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарони чанде аз сохтору идораҳо дар вилояти Суғд соли ҷорӣ аз натиҷаи шашмоҳаи кории худ ба журналистон ҳисобот надоданд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории СМ-1 инҳо роҳбарони Раёсати кор бо занон ва оила, Раёсати Хадамоти муҳоҷират, Идораи роҳи оҳан, фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, Тоҷикстандарт, Агентии омор, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, кумитаи дин танзиму анъана ва ғайра мебошанд.

Дар ҷадвали баргузории нишасти матбуотӣ, ки аз ҷониби мақомот тасдиқу ба дасти журналистон расидааст 43 ташкилоту идораҳо ва сарраёсату раёсатҳо бо шумули раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз 17-уми июл то 04-уми август мебоист ба журналистон ҳисобот диҳанд.

Тибқи Амри раисҷумҳури Тоҷикистон бояд сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо дар як сол ду бор нишасти хабарӣ доир намуда аз натиҷаи кори худ ба ВАО ҳисобот диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0