Дар додгоҳ: марди хуҷандӣ ҳамсари 24-солаашро лату кӯб кард

Обуна шудан
Милисаи шаҳри Хуҷад марди 34-солаеро дастгир кард, ки дар дохили бинои додгоҳ бо ҳамсараш ҷанҷол бардошта, вайро лату кӯб кардаст. Зан дар беморхона бистарӣ гардид

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳолатҳои сар задани зӯроварӣ байни сокинони кишвар хабар дод.

Чунончи милисаи шаҳри Хуҷад марди 34-солаеро дастгир кард, ки дар дохили бинои додгоҳ бо ҳамсараш ҷанҷол бардошта, вайро лату кӯб кардаст. Зан ҳоло дар беморхона бистарӣ аст.

Гуфта мешавад, аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 

"Номбурда, санаи 10-уми июли соли 2017, тахминан соати 13:00-дақиқа, дар дохили бинои маъмурии Суди ҳамин шаҳр бо ҳамсараш зани 24-солаи сокини ҳамонҷо, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст",- омадааст дар гузориш. 

Дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. 

Чунин як ҳолат аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Қӯрғонтеппа ошкор карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ писарбачаи 16-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда санаи 9-уми июли соли равон, соати 21:30-дақиқа, дар бозори "Ҳоҷӣ Шариф"-и шаҳри мазкур бо марди 21-солаи сокини ш.Кӯлоб ҷангу ҷанҷол карда, бо санг 1-маротиба ба сари ӯ задааст. 

Бо рух додани чунин ҳодиса марди ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор дорад. 

Ба ҳамин монанд  аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Л.Шералии шаҳри Панҷакент дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 19-уми июли соли равон, тахминан соати 20:00-дақиқа, бо ҳамроҳии марди 38-солаи ҳамдеҳааш дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматии марди 39-сола, бо марди 37-солаи ҷамоати деҳоти мазкур ҷанҷол карда, охиронро лату кӯб намудаанд. 

Дар натиҷа ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

Нисбати ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Пештар ВУД хабар дода буд, ки дар ноҳияи Спитамен ҷавони 26-солае бо гумони куштори ваҳшиёнаи маъшуқааш датгир шудаст. Вай ҷавонзани 24-соларо, ки обистан будааст, буғӣ карда ба ҳалокат расонидааст. Номбурда барои рӯйпӯш кардани ҷинояти содиркардааш, ҷисми занро оташ зада, сипас гронидааст.

Вазорат гуфта, ки парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҷавон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. 

 

Лентаи хабарҳо
0