Гардиши коло миёни Тоҷикистону Узбакистон ду баробар афзудааст

© Sputnik / Wong Maye-EРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон Шариф Саид гуфтааст, ки гардиши коло миёни Тоҷикистону Узбакистон дар соли 2017 беш аз ду баробар афзудааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Раиси Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон Шариф Саид дар нишасти расонаӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода, ки дар соли 2017 гардиши коло миёни Тоҷикистону Узбакистон ду баробар афзудааст.

Вай ҳамчунин гуфта ки Тоҷикистон ба Узбакистон семент ва маҳсулоти кишоварзӣ содир карда, аз он кишвар нуриҳои маъданӣ, ғалла, корафзору дастгоҳ ворид мекунад.

Чунончи, дар моҳҳои январ — май Тоҷикистон ба Узбакистон ба арзиши 20 милюну 617 ҳазор дулор коло содир карда ва бо арзиши 25 милюну 681 ҳазор дулор коло аз он ворид кардааст.

Ёдовар мешавем, ки аввалҳои моҳи апрел дар Тоҷикистон нахустин намоишгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон баргузор шуда буд.

Ширкатҳои узбакӣ дар ин намошгоҳ тавлидоти саноъеи сабук, мошинсозӣ, худравсозӣ, нассоҷӣ, кимиёӣ ва электротехникиро намоиш доданд.
Лентаи хабарҳо
0