Пешгирӣ аз қочоқи тангаи мисин дар фурудгоҳи Душанбе

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкЗал ожидания, архивное фото
Зал ожидания, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми гузаронидаи назорати гумрукӣ аз бағоҷи як шаҳванди хориҷӣ тангаи мисини арзиши таърихидошта ёфт шуд
ДУШАНБЕ, 02 июл — Sputnik. Кормандони гумруки фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз қочоқи тангаи мисин пешгирӣ кардаанд.
Бино ба иттилоъи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳангоми баргузории бозрасии гумрукии бори мусофирони парвози №201 аз Душанбе ба Маскав аз бори дастии шаҳрванди Русия Татяна Хужина як адад тангаи миссин, ки дар пушту рӯяш «копьи ки. Е. М.» ва «1823г.» навишта шуда буд, ёфт ва мусодира шуд.

Ин шаҳрванди Русия сиккаро дар изҳорномаии гумрукӣ изҳор накарда буд.

Танга барои арзёбии сиккашинохтӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистони фиристода шуд.

"Бино ба арзёбии коршиноси аршади Шуъбаи нигаҳдориву баҳрабардорӣ аз мероси торихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги ҶТ, танга дар ҳолати хуб қарор дошта, арзиши торихиву фарҳангӣ, сиккашиносӣ (нумизматикӣ) ва осорхонаӣ дорад",- гуфта мешавад дар хабар.

Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қочоқбари тоҷик дар Тошканд дастгир шуд

Бояд гуфт, ки бар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқоли ғайрирасмии сиккаҳо аз қаламрави кишвар ба дигар кишварҳо мамнуъ аст.

Барои бозҷӯии ин қазия аз рӯи моддаҳои 32 қисми 2 ва 289 қисми 3 Қонуни кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0