“Сибир аз Маскав гармтар аст”: Гилаи муҳоҷирон аз тобистони сарди Русия

© Sputnik / Марина Маковецкая / Гузариш ба медиабонкТрудовые мигранты уезжают на родину в Таджикистан. Архивное фото
Трудовые мигранты уезжают на родину в Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол тобистон дар Русия бо сардиву сармо оғоз шуд. Муҳоҷироне, ки нахустин тобистонро дар Русия мегузаронанд, аз сардии ҳаво дар шигифтанд, онҳое ки чандин сол боз дар ин кишвар ба сар мебаранд, мегӯянд то кунун чунин тобистони сардро надидаанд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бархе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки ҳавои серун барои кор дар берун мусоидтар аз ҳавои гарм аст.

Карен ном муҳоҷири арманӣ ҳам, ки дар бахши роҳсозӣ кор мекунад, дар посух ба саволи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳар рӯз то 12 соат дар хиёбонҳо машғули кор аст.

"Ҳаво хоҳ гарм бошаду хоҳ сард, хоҳ офтобу хоҳ борон, аз кор боз намеистем. Агар сел биборад, даруни мошин медароему интизор мешавем, ки кай мегузарад ва сипас корамонро идома медиҳем", — афзуд вай.

Семья мигрантов из Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Аҳволи кӯдакони муҳоҷирон: дурӣ аз Ватан ва ҷудоӣ аз падару модар

Дар посух ба ин пурсиш, ки оё сардиҳо кори онҳоро мушкил немекунад, ин муҳоҷир гуфт, ки соли нахуст нест, ки дар Русия зиндагӣ дорад ва ба ин гуна боду ҳаво одат кардааст.

Муҳоҷире дигар Ихтиёр ном гуфт, аслан ҳамин ҳавои серун беҳтар аз он гармои тоқатфарсо аст.

"Барои мо, ки зери осмони кушод кор мекунем, ҳамин ҳаво хуб аст, мушкили дараҷаи аввали мо ҳоло боду ҳаво нест. Гоҳе чунон мушкилоте пеш меоянд, ки ингуна сардиҳо аслан эҳсос ҳам намешаванд", — гуфт вай.

Раҳмонҷон ном муҳоҷири дигар мегӯяд, ҳавои гармро интизор аст, зеро кор кардан дар ҳавои сард сахт аст ва гармо ҳамеша беҳтар аз сармо аст.

"Тирамоҳ сард, зимистон сард, тобистон ҳам сард?! Рости гап, аз ин сармо бисёр дилгир шудаем", — афзуд вай.

Матлуба ном хонуми муҳоҷир соли гузаштаро ба ёд меоварад, ки дар моҳи май ҳаво чунон гарм буд, ки ӯ пӯшоки тобистона ба бар мекард.

"Мо ба ҳамон обу ҳавои Тоҷикистон одат кардаем, ин ҷо аз сардиҳо ҳамон гарморо орзу мекунем", — гуфт вай.

Муҳоҷири дигари тоҷик, ки дар бозори "Садовод" навиштафзор мефурӯшад, мегӯяд, гармову сармо бар тиҷорати онҳо чандон асару таъсире намегузорад. Аммо дар ҳавои сард камтар касе ба базор барои харид меояд.

Одил ном муҳоҷири тоҷик, ки дар яке аз шаҳрҳои Олтой зиндагӣ мекунад, гуфт, ки онҷо ҳаво гармтар аз Маскав аст.

"Имсол боду ҳаво ин ҷо хело мусоид омад. Гӯё дар Тоҷикистон бошам. Ҳаво дар Сибир гармтар аз Маскав аст", — афзуд вай.

Забирхон — тоҷики муқими Русия мегӯяд, имсол бори аввал меҳмони шаҳри Петербург шуд. Аммо ҳамроҳаш либоси гарм набурд. Ҳаво ки якбора сард шуд, барояш мушкилиҳое пеш омад.

Ёдовар мешавем, ки имсол тобистон дар Русия, бавижа дар Маскав, нисбат ба солҳои гузашта сардтар аст. Чунончи, 2-уми июн дар бархе аз гӯшаҳои шаҳри  Маскав барф борида буд, ки бошандагони ин шаҳрро шигифтзада кард.

Ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки рӯзҳои наздик дар Маскав гармии ҳаво то 20 дараҷа мерсад.

Лентаи хабарҳо
0