Ҳасан Руҳонӣ: Давлати Амрико ҳечгоҳ бо теруризм мубориза накардааст

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Исламской Республики Иран Хасан Роухани, архивное фото
Президент Исламской Республики Иран Хасан Роухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон нишасти амниятии сарони кишварҳои арабӣ ва Амрикоро "иҷмоъе намоишӣ" хонду гуфт "бо додани пули миллате ба абарқудрате масъалаи теруризм ҳалл намешавад"

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ дар нахустин нишасти расонаӣ пас аз интихоби дуборааш ба симати раёсати ҶИЭ, ки имрӯз дар Теҳрон баргузор шуд, дар посух ба пурсише дар бораи арзёбии худ аз дидори ахири сарони кишварҳои арабӣ ва Амрико гуфт:

"Иҷмоъ дар Арабистон, ба эътиқоди ман, як иҷмоъи намоишӣ буд ва биниши сиёсиву илмӣ надошт ва нахоҳад дошт. Аз ин намоишҳо қаблан ҳам Арабистони Саъудӣ дуруст карда буд. Бо ҷаласа ва бо додани пули миллате ба як абарқудрате масъалаи теруризм ҳалл намешавад. Давлати Амрико ҳечгоҳ бо теруризм мубориза накардааст".

Вай миллатҳои Сурия, Ироқ ва Лубнонро "муборизони воқеъӣ бо теруризм" хонду гуфт: "Суриҳо ва ироқиҳо буданд, ки бо теруристҳо ҷангиданд ва Эрон, Ҳизбуллоҳ ва Русия дар канори онҳо қарор доштанд, аммо бақия чи кор кардаанд? Чи касоне ба теруристҳо пул доданду медиҳанд, чи касоне аз теруристҳо ҳимоят кардаанд? Онҳое, ки аз теруристҳо ҳимоят карданд, наметавонанд иддиъои мубориза бо теруризм бикунанд".

Президент РТ Рахмон Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: Бо истифода аз нерӯи низомӣ наметавон бар теруризм пирӯз шуд

Раиси ҷумҳурии исломӣ таъкид кард, ки "миллати Эрон аз тариқи диплумотҳо ва мусташорони низомияш ба ду миллати бузурги Сурия ва Ироқ кумак карда ва хоҳад кард".

"Чи касе боис шуд, ки ДОИШ дар шаҳрҳои бузурги Ироқ мустақар набошад, ҷуз миллати Ироқ? Чи касе боис шуд, ки ДОИШ дар Димишқ набошад, ҷуз миллати Сурия? Миллатҳои минтақа дар баробари теруризм истодагӣ карданд ва албатта Эрон дар канори онҳо будаву хоҳад буд!", — гуфт вай.

Ҳасан Руҳонӣ ҳамчунин таъкид кард, ки "Эрон суботи минтақаро ҳифз мекунад".

Вай дар бахше дигар аз нишаст суханони вазири умури хориҷаи Амрикоро, ки гуфта буд "интизор доранд Руҳонӣ дар даври дувуми раёсат барномаи мушакии Эронро ҷамъоварӣ кунад", "руъёву хаёл" хонду гуфт: "Мардуми Эрон барои дифоъ ва таслиҳоту ниёзмандиҳои худашон на аз касе хоҳанд пурсид ва на аз касе иҷоза хоҳанд гирифт. Мушаки мо барои сулҳу дифоъ аст ва барои таҳоҷум нест".

"Мақомоти Амрико бидонанд, ки ҳар мавқеъ аз лиҳози фаннӣ мо ниёз ба озмоиши мушак дошта бошем, озмоиш хоҳем кард ва мунтазири иҷозаи онҳо нахоҳем монд", — таъкид кард Ҳасан Руҳонӣ.

Лентаи хабарҳо
0