ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Парвози ширкати "Сомон Эйр" аз Екатеринбург ба Душанбе бештар аз як рӯз ба таъхир гузошта шуд. Мусофирон дар меҳмонхона ҷой дода шудаанд.
Бино бар барнома, парвоз бояд рӯзи якшанбе 21-уми май сурат мегирифт. Аммо торихи парвозро 22-уми май соати 17:30 муайян карданд.
"Мусофирон дар меҳмонхона ҷой дода шудаанд. Намояндаи ширкат вазъро ба мусофирон тавзеҳ додааст", — гуфтааст яке аз кормандони ширкат ба хабаргузории РИА Новости.
Вай ҳамчунин таъкид карда, ки парвоз ба далели "омодасозии ҳавопаймо" лағв шудааст.
Ин парвоз бояд 87 мусофирро ба мақсад бирасонад.