ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Раиси Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон Шариф Саид ва намояндагони Анҷумани дӯстиву ҳамкориҳои фарҳангӣ-иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон дар мулоқоте дар Душанбе бар аҳамияти густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои ларзашиносӣ, заминшиносӣ, обшиносӣ, нерӯи барқ ва фанновариҳои иттилоъотӣ таъкид карданд.
Ба гузориши равобити умумии УБС ҶТ, Шариф Саид дар ин дидор гузорише аз раванди иҷрои тарҳҳои муҳими иқтисодӣ ва барномаҳои давлати Тоҷикистон дар заминаи тавсеъаи бахшҳои энержӣ, саноеъи кимиёӣ, истихроҷи конҳо, таробарӣ, роҳсозӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ ва бунёди ширкатҳои муштарак бар пояи манобеъи табиъии Тоҷикистон ва сармояи хориҷӣ ироя кард.
"Тоҷикистон хоҳони густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва фаннӣ бо Ҷопон ва омӯхтани тарҷрубаи ғании ин кишвар ва роҳандозии равобити созанда миёни ду миллат аст. Бунгоҳҳои иқтисодии Тоҷикистон хостори рушду тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷопон ҳастанд", — гуфт раиси УБС ҶТ.
Дар ин мулоқот тарафи тоҷикӣ пешниҳод кард Ҷопон намоишгоҳи колоҳои санъатии худро дар Душанбе баргузор кунад.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон феълан дар як тарҳи парвариши гиёҳи ширинбаён дар вилояти Хатлон хулоса мешаванд. Вале қарор аст, ки ин тарҳ бо сармоягузории Бунгоҳи тавсеъаи байналмилалии Ҷопон (JICA) густариш дода шавад.