ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар Узбакистон раиси Ожонси давлатии муҳоҷирати корӣ Улуғбек Назаров аз симаташ барканор карда шуд.
Вай аз соли 2013 то кунун ин ниҳодро роҳбарӣ мекард. Сарпарастии ожонсро муъовини вай Хуҷабаҳлил Асомов ба уҳда гирифтааст.
Далоили барканории Назаров расман эълом намешаванд, аммо бар пояи гузоришҳои расонаҳои давлатӣ, яке аз далоил лағви натиҷаҳои имтиҳонот барои кор дар Куреи Ҷанубӣ буда, ки чанде пеш ин ожонс юаргузор карда буд.
Корҷӯён бояд худро дар вебгоҳи ожонс номнавис мекарданд ва дархостнома пур мекарданд. Аммо муддати пазириши дархостномаҳо маҳдуд карда шуда буд. Бино ба гузориши Sputnik Узбекистон, теъдоди корҷӯён чунон бисёр буд, ки вебгоҳ натавонист ҳама дархостномаҳоро қабул кунад ва аз кор монд.
Дертар маълум шуд, ки натиҷаҳои имтиҳон бекор карда мешаванд ва барои кор дар хориҷа як озмуни дигар эълон карда мешавад.
Бино бар тавофуқномаи миёни Узбакистон ва Куреи Ҷанубӣ, ин кишвар омода аст солиёна то 27 ҳазор корҷӯи узбакистониро бипазирад. Ҳамакнун дар Куреи Ҷанубӣ камубеш 17 ҳазор узбакистонӣ кор мекунад.