ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар фармоне ба Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Узбакистон дастур дод, то муқаррароти додани паноҳандагии сиёсиро таҳия ва барои тасвиб пешниҳод кунад.
Бино бар Қонуни асосии Узбакистон, додани шаҳрвандӣ ва паноҳандагии сиёсӣ аз масъулиятҳои раисҷумҳури он кишвар ҳастанд.