Бобои Путин ва Шойгу: акнун номи фарзандамро Эмомалӣ мемонам

© SputnikРаҳмон Ҷӯраев- бобои Путин ва Шайгу Ҷӯраев
Раҳмон Ҷӯраев- бобои Путин ва Шайгу Ҷӯраев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мехоҳам дар оянда оила барпо кунам ва писардор шуда, номашро Эмомалӣ гузорам, ҳамин тавр фарзандам Эмомалӣ Раҳмон мешавад, мегӯяд бобои 70-сола

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Раҳмон Ҷураев бобои ду кӯдаки тоҷики муқими Русия, ки номҳояшон бахшида ба сиёсатмадорони рус — Путин ва Шойгу гузошта шудааст, дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, минбаъд  дар номгузорӣ навбати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Кӯдак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Минбаъд Путин дар вилояти Владимирова зиндагӣ мекунад

Раҳмон Ҷӯраев дар Маскав зиндагӣ мекунад ва фарзандонаш дар вилояти Владимир истиқомат доранд. Ба гуфтаи номбурда вай ба синни 70 даромадааст, се маълумоти олӣ дорад ва бо ҳафт забон гап мезанад.

Ба қавли  худ,  ӯ як фаъоли ҷамъиятӣ мебошад, ки  ба ҳизби "Единая Россия" низ аъзо аст.

Бобои сиёсатдӯстдор  қариб 20 сол мешавад, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад ва ҳурмат ва эътиқодаш нибати президенти Русия вайро ба номгузорӣ кардани наберааш бо ҳамин ном водор намудааст.

"Агар Путин намешуд, соли 2014 ҷанги севвуми ҷаҳон ба вуҷуд меомад",- мегӯяд Раҳмон Ҷураев.

Ба гуфтаи худаш, ӯ бо Владимир Путин боре имконияти сӯҳбат кардан ҳам дарёфтааст ва пешниҳод кардааст, ки мактаби таҷрибаи Путин ифтитоҳ шавад.

"Ман чаҳор президенти ҷаҳонро эътироф мекунам- Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Нурсултон Назарбоев ва Рамзан Қодиров",- мегӯяд вай.

Ҳоло Шавкат Мирзиёевро назорат карда истодаам, шояд ӯ ҳам ба қатори президентони дӯстдоштаи ман ворид шавад, илова кард Ҷӯраев.

Ӯ баъд аз номи русиро истифода намуданаш, чӣ гуна ба вай муносибат кардани тоҷиконро чунин шарҳ дод:

—  Ба ман шахсияти касе муҳим аст, ки ба тамоми олам хизмат кардааст. Чӣ лозим ғайбат кардан? Ман номи набераи худамро гузоштаам.

Чуноне ки Раҳмон Ҷӯраев қайд кард, вай аллакай панҷ моҳ пеш аз таваллуд шудани кӯдак мехост, номи фарзанди ояндаи духтарашро Шойгу гузорад ва наздиконаш бо хурсандӣ қабул карданд.

Ба гуфти бобои Путин ва Шойгу ин ду кӯдак номҳои тоҷикӣ низ доранд, ки номи Путин — Русул ва номи Шойгуро Умар мемонанд.

© SputnikШаҳодатномаи таваллуди Путин Ҷаҳонгирович
Свидетельство о рождении Путина Джураева - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳодатномаи таваллуди Путин Ҷаҳонгирович

Вай мегӯяд, ки албатта дар хона аз номи миллии ин ду наберагонашон истифода мебаранд, аммо танҳо дар ҳуҷҷат Путин ва Шойгу ҳастанд, ки метавонанд дар оянда худашон кӯдакон калон шуда, тағийр диҳанд.

Бобои Путин ва Шойгу, ки ба 70 даромадааст ва ҳамсараш аз олам даргузаштааст, мехоҳад оилаи нав бунёд кунаду писардор шавад ва номи фарзанди 5-уминашро Эмомалӣ гузорад, ҳамин тавр ба гуфтаи вай номи фарзанди минбаъдааш  — Ҷӯраев Эмомалӣ Раҳмонович яъне Эмомалӣ Раҳмон  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0