Барои танҳо намондани муҳоҷирон дар Русия, қонун қабул мешавад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкИгор Баринов роҳбари Оҷонсии федеролӣ оид ба масъалаҳои миллӣ. Акс аз бойгонӣ
Игор Баринов роҳбари Оҷонсии федеролӣ оид ба масъалаҳои миллӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Игор Баринов-роҳбари Оҷонсии миллии Русия мегӯяд, ки Русия бояд барои ҳалли масъалаи ҳамгироии муҳоҷирон низоми ягона дошта бошад, то муҳоҷирон худро танҳо ҳис накунанд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Русия ба қонуне, ки ба ҳамгироии муҳоҷирон равона мешавад, ниёз дорад, менависад РИА Новости аз қавли роҳбари Оҷонсии федеролӣ оид ба масъалаҳои миллӣ Игор Баринов.

Обучение мигрантов русскому языку. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: маорифи ФР бояд ба фарзандони муҳоҷирон кӯмак кунад

Ба қавли Баринов  лоиҳаи қонун то 4 май омода мешавад. Бояд мақомоти ҳукуматие, ки ба ҳаллу фасли ин мушкилот машғул мегардад, муайян карда шавад. Ба гуфти роҳбари Оҷонсӣ дар ҳоли ҳозир масъалаҳои аввалиндараҷаи муҳоҷирон бар дӯши ВКД Русия аст.

Баъди гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ муҳоҷир танҳо мемонад. Да Русия нисбати ин масъала муносибати ягона вуҷуд надорад-ҳар як субекти Федератсия низоми муҳоҷиратро ба таври худ ба роҳ монааст.

"Дар натиҷа, одамон танҳо мемонанд ва бо нияти дарёфти кӯмак ба гурӯҳҳои номуносиб афтида радикал мешаванд. Ин ҷо монеа вуҷуд дорад, то онҳо худро қисме аз ҷомеаи мо ҳис кунанд. Мо ин масъаларо ҳал мекунем, агар маблағи иловагӣ бошад, зеро бе маблағ ва қувваи инсонӣ ин масъаларо ҳал кардан амри маҳол аст",-шарҳ дод Баринов.

Ёдовар мешавем, ки аъзои Шӯрои диаспораи Русия Гавҳар Ҷураева чанде қабл гуфта буд, ки танҳоӣ муҳоҷиронро ба сафи гурӯҳҳои радикалӣ тела медиҳад. Сабаби дигари пайвастан ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша набудани маблағ ва мушкилоти дарёфти ҷои кор мебошад.

Лентаи хабарҳо
0