Причёскаи Трамп сабаб шуд, ки вайро ба кӯршапарак монанд кунанд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкДоналд Трамп, акс аз бойгонӣ
Доналд Трамп, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се рӯз пеш аз маъракаи қасамёдкунии президенти ИМА Доналд Трамп ҳашароти ба наздикӣ кашфшуда ба номи президент гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik.Дар арафаи маросими савганди президенти ИМА Доналд Трамп биологи канадагӣ Вазрик Назари як намуди кӯршапаракро бахшида ба соҳиби нави  Қасри сафед номгузорӣ кард.

Олим як намуди шапаракро кашф кард. Пасон вай ба хулоса омад, ки ин кӯршапарака ба президенти нави ИМА Доналд Трамп монандӣ дорад.

Ба ақидаи биолог маҳз причёскаи Трамп ба ин ҳашарот монандӣ дорад. Назари умед дорад, ки ба воситаи номи машҳури Трамп ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба олами ҳайвонот ва наботон аҳамият медиҳад.

Ин намуди номгузорӣ бори аввал мушоҳида карда намешавад, ҳамин тавр ба Шарофати Борак Обама низ як намуди моҳиро номгузорӣ карда буданд. Ҳамчунин як намуди тортанак низ Обама номгузорӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0