Нуриддин Давронов: дар куҷое набошам, ба “Истиқлол” бармегардам

© ФФТНуриддин Давронов, Акс аз бойгонӣ
Нуриддин Давронов, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфти Нуриддин дар ҳоли ҳозир дар Булғористон барои ӯ шароити хуб фароҳам аст. Вале тарк кардани "Истиқлол" барояш хеле мушкил буд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар чемпионати футболи Булғористон се бозигари мунтахаби Тоҷикистон баромад мекунанд. Яке аз онҳо-Нуриддин Давронов мебошад.

Аввалин шуда ба клуби "Локомотив" (Пловдив) нимҳимоятгари мунтахаби миллии ҶТ Парвизҷон Умарбоев рафт. То ин дам Парвизҷон дар мунтахаби "Истиқлол"-и Душанбе бозӣ мекард.

Нуриддин Давронов беҳтарин бозигари футболи Тоҷикистон эълом шуд

Дуюмин шуда футболбози дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" Искандар Ҷалилов бо дастаи "Дунав"-и Булғористон шартномаи корӣ баст. Ба клуби Булғористон  ӯ аз дастаи "Волга", ки дар ин даста ду сол фаъолит кард, гузашт.

Дар баробари ин Ҷалилов дар дастаҳои "Рубин"-и Қазон, "Нефтехимик" ва "Турну-Северин"-и Руминия бозӣ кардааст.

Нуриддин Давронов бошад сеюмин бозигари тоҷик аст, ки дар чемпионати Бурғористон баромад мекунад. Капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин мавсим бо Ҷалилов дар дастаи "Дунав" якҷоя бозӣ мекунад. Нуриддин бо ин даста то охири мавсим шартнома бастааст.

Нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев аз "Локомотив" баъди 13 бозӣ дар чемпионат дар бо дастааш ҷои 8-ум қарор гирифтааст. Дар чемпионат  "Локо" чор маротиба ғолиб омада, панҷ маротиба бозиро мусовӣ анҷом дод ва чор маротибаи дигар  мағлуб гардид. Клуб соҳиби  17 хол шудааст.

Дар рӯйхат клуби Нуриддин ва Искандар "Дунав", ки мавсими имсоларо бомуваффақият шурӯъ кард, дар ҷои 4-ум қарор дорад. Баъди бозии 13-ум даста соҳиби 22 хол (шаш ғолибият, чор мусовӣ ва се мағлубият) шуд.

Тӯб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳашт голи “Истиқлол” ба дарвозаи “Парвоз”

"Ҳамааш хуб аст, хушбахтам, ки дар Булғористон ҳастам-гуфт бозигар. —Чеипионат дар ин ҷо хеле ҷиддӣ баргузор мешавад. Аксари дастаҳо бозии сатҳи баланд нишон медиҳанд. То охири ин мавсим ман ин ҷо мемонам ва дар дастаи "Дунав" бозӣ мекунам. Барои ҷойҳои намоён мубориза мебарем".

Собиқ капитани мунтахаби миллӣ  изҳор дошт, ки аз пешниҳоди кор дар Булғористон мамнун аст, вале тарк кардани мунтахаби миллӣ барояш мушкил буд.

"Бо шарофати дастаи "Истиқлол" ман имрӯз дар ин ҷо дар-Русе ҳастам. Чунки булғориҳо бозии маро дар дастаи "Истиқлол" дида ба ин ҷо даъват карданд. Аз ҳамаи онҳое, ки маро дар ин роҳ дастгирӣ карданд, миннатдорам",-гуфт Давронов.

Нуриддин мегӯяд, ки бо ёрии дӯст ва ҳамкасбаш Искандар Ҷалилов ӯ бо шаҳр шинос шуд.

"Новобаста аз тағйир ёфтани макони бозӣ дар оянда, ман ба "Истиқлол"  бо ҳиссиёти мусбӣ бармегардам. Чунки "Истиқлол" баро ман беш аз клуб аст. Ин дастаи худӣ аст, ҷоест, ки ман соҳиби роҳхат ба футболи бузург шудам",-изҳор дошт Давронов.

Лентаи хабарҳо
0