ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Русия танҳо 15% шаҳрвандон аз маоши худ розӣ мебошанд, омадаст дар маълумотҳои маркази тадқиқотии Superjob.ru портал.
Қайд мегардад, ки дар ин назарсанҷӣ 1,6 ҳзр. шаҳрвандони аз 18 сола боло иштирок намуданд, ки кори доимӣ доштанд.
"Имрӯз аз сатҳи даромади худ 15% шаҳрвандон розӣ, 85% норозӣ, бештар мебошанд. 29% ҷавонони то синни 25 соларо даромади ҳар моҳаашон қонеъ мекунад, инчунин 17% занон аз маоши худ розианд. Дараҷаи қаноатмандӣ аз маош аз омилҳои зиёд вобастагӣ дорад — минтақаи истиқоматӣ, шакли истеъмолкунандагӣ, доштани қарз, шумораи оила ва ғайраҳо",- омадааст дар тадқиқот.
Бояд қайд кард, ки дар шаш сол коргарони соҳаҳои барномасозӣ, тиб, намояндагони минтақавӣ ва кормандон дар буҷҷаи хеш беҳбудӣ ҳис карданд, баръакси муҳосибон, ҳуқуқшиносон ва хизматчиёни давлатӣ, ки бештар аз маошашон норозинад. Дар байни менеҷерони реклама- 9% ва кормандҳони давлатӣ —10% аз маоши худ розӣ мебошанд.
Дар Санк-Петербург бошад шаҳрвандони шаҳр аз Маскав дида бештар аз маоши кории худ норозианд. Кормандоне, ки 25ҳзр. рубл маош мегиранд бо он қонеъ мебошанд, омадаст дар натиҷаи пурсиш.
Муҳаққиқон аниқ намуданд, ки 10 сол пеш, танҳо 10% шаҳрвандони Русия аз маоши худ розӣ буданд, 6 сол пеш бошад ин натиҷа камтар боло рафт ва 16 % ташкил намуд.