Резиши санг дар шоҳроҳи Хоруғ-Душанбе мунҷар ба марги се нафар шуд

© Sputnik / Борис Ушмайкин / Гузариш ба медиабонкРоҳи кӯҳии Помир. Акс аз бойгонӣ
Роҳи кӯҳии Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳудуи деҳаи Сафедоби поёни ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба болои автомошинаи тамғаи “Хундай-Галопер”, таҳти идораи сокини ноҳияи Ишкошим сангпора афтода, се кушта бар ҷой гузошт.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Резиши санг дар шоҳроҳи Хоруғ-Душанбе мунҷар ба марги се нафар гардида, боиси ҷароҳат бардоштани ронанда ва дигар мусофирони автомошина гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ВКД ҶТ.

Бино ба иттилои манбаъ рӯзи 14 сентябр, тахминан соти 06:00 дар масофаи 231-километрии шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар  ҳудуди деҳаи Сафедоби поёни ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз кӯҳҳо сангпораҳо фаромада, ба болои автомашинаи тамғаи "Хундай-Галопер", таҳти идораи марди 31-солаи сокини ноҳияи Ишкошим афтода, автомошина  ба чуқурии 250 метр чаппа шудааст.

Сангҳои кӯҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: ҳалокати як нафар бар асари лағжиши куҳпора дар Суғд

"Дар натиҷа мусофирони автомашина марди 30-сола, зани 18-солаи сокинони ноҳияи Ишкошим ва зани 57-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд",-омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар пайи садама ронанда ва дигар мусофирон занони 19 ва 22-сола ва ҷавони 23-солаи сокинони ноҳияи Ишкошим ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Лентаи хабарҳо
0