Ҳизби “Справедливая Россия” пешниҳоди ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои ОМ кард

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкРоҳбари ҳизби "Справедливая Россия" Сергей Миронов. Акс аз бойгонӣ
Роҳбари ҳизби Справедливая Россия Сергей Миронов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита бо он, ки зодагони ин кишварҳо бештар таҳти тағриботи гурӯҳҳои муташакилонаи ҷиноӣ қарор мегиранд, бояд зимни дохил шудан ба Русия аз тафтишоти дактилоскопӣ гузаронида шаванд.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Роҳбари ҳизби "Справедливая Россия" Сергей Миронов пешниҳод намуд, бо мақсади ҳифзи шаҳрвандони Русия  бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ карда шавад.

Вокзали Қазон дар шаҳри Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди пардохти маблағ барои ворид шудан ба Русия

"Ҳизби мо пешниҳод дорад, то низоми дохилшавӣ ба қаламрави кишвари мо пурзӯр карда шавад. Мо ақида дорем, он кишварҳое, ки имрӯз бо Русия низоми бе раводид доранд, шаҳрвандонашон бояд зимни убури сарҳад аз тафтиши дактилоскопӣ гузаранд. Мо бовар дорем, ки бо мақсади ҳифзи шаҳрвандони Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки сарҳадашон хеле шаффоф аст, бояд низоми раводид ҷорӣ карда шавад",-гуфт Миронов дар шабакаи "Россия1".

"Мо мӯътақидем, он нафароне, ки ба қаламрави Русия дохил мешаванд ва дар муддати 60 рӯз ин ҷо мемонанд, бояд зимни баргаштан ба ватанашон аз ҷониби сохторҳои қудратӣ аз тафтишоти пурра гузаронида шаванд",-илова кард роҳбари ҳизб.

Дар баробари ин Миронов қайд намуд, ки дар вазъияти кунунии таҳдиди терроризм ҳизби "Справедливая Россия" пешниҳод дорад, то барои террористон ҳукми қатл ҷорӣ карда шавад. Қаблан низ ҳизби мо бо чунин пешниҳод баромад карда буд.

Масъалаи низоми раводид чандин маротиба дар ВАО бардошта шуда буд, аз ҷумла баъди занозанӣ дар қабристони Хованское. Он замон раиси умури байналмилаллии Кумитаи Шӯрои Федератсия Константин Косачев изҳор дошт, ки барқарор намудани низоми раводид ҳеҷ тағйироти мусбӣ намеорад ва баръакс камбудиҳо "беш аз пеш" мешаванд.

Ба гуфти муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин  ҷорӣ намудани низоми раводид лозим набуда, балки бояд масъалаҳои сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ ба низом дароварда шавад.

Лентаи хабарҳо
0