ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Кормандони марзбони тоҷик тавонистанд, ки убур намудани ғайриқлнунии сарҳади байни Афғлонистонро пешгирӣ намоянд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба котиби масъули қӯшунҳои сарҳадии кишвар Муҳаммад Улуғхоҷаев.
"Дар минтақаи наздисарҳадии Ҳамадонӣ гурӯҳе аз 8-9 нафар қонуншиканони мусаллаҳ кӯшиш карданд, ки ғайриқонунӣ ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шаванд. Дар ин бора мувофиқи маълумоти фаври низомиён пешакӣ хабар доштанд",- гуфт вай.
Ба гуфтаи вай ҷинояткорон ба талаботи низомиён аҳамият надоданд, дар натиҷа сарҳадчиён онҳоро тирборон намуданд.
"Дар рафти задухӯрдҳои шадид ду қонуншикан кушта шуда, як нафари онҳо захм бардоштааст, дигарон аз вақти шабҳангом истифода бурда дар қаламрави ҳамсоя пинҳон гардиданд",- хабар медиҳад Улуғхоҷаев.
"Ҷисми ҷинояткорон, истиқоматкунандагони вилояти Таҳор ба сарҳадчиёни афғон дода шуд. Камтар пас маълум гардид, ки онҳо аъзоёни ҳаракати Толибон будаанд, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст мезаданд",- илова намуд Улуғхоҷаев.
Ҳамагӣ аз аввали соли 2016 дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 10 қонуншиканони мусаллаҳ нобуд карда шудаанд.