ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии миллии Тоҷикистон Тajik Air имкони боз кардани хатсайр бо Фароса ва Белгияро мавриди баррасӣ қарор додааст, иттилоъ дод дирекори генералии ширкат Хайрулло Раҳимов.
"Дархост дар бораи боз намудани хатсайрҳо бо Аврупо аз ҷониби ҳамтоёни Чин, Покистон ва Ҳиндустон равон гардидааст. Онҳо мехоҳанд фурӯдгоҳи байналмиллалии моро ҳамчун майдон барои транзит ба Аврупо истифода баранд",-гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ Тajik Air дар нимсолаи аввали соли равон бо Пекин хатсайр кушода айни ҳол масъалаи барқарор намудани хатсайр бо Урумчиро муҳокима менамояд.
Роҳбари ширкати ҳавопаймоӣ ҳамчунин қайд намуд, ки дар ояндаи наздик мехоҳад ҳавопаймоҳои барҳавои Boeing, ки то ҳол дар авиатсияи Тоҷикистон набуданд, харидорӣ намоянд.
"Тибқи созишнома Бонки рушди Чин маблағро барои харидории лайнерҳо дода ширкат ӯҳдадор мешавад, онро дар давоми 10 сол баргардонад",-гуфт ӯ.
Таърихи ширкати "Тоҷик Эйр" аз соли 1930 оғоз меёбад.
Дар ҳоли ҳозир дар ширкати ҶСК "Тоҷик Эйр" зиёда аз 500 нафар мутахассисони кордон фаъолият мекунанд. Аксари сарнишинони ширкат соҳиби тахассуси олӣ буда, дорои таҷрибаи бойи парвоз дар шароити душвори кӯҳҳии Помир мебошанд.