ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба беморӣ ва ҷароҳии қалби Навоз Шариф, сарвазири Покистон ба ӯ барқия ирсол намуда, барояш шифои комил хостааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.
"Ҷаноби Олӣ, аз хабари бемории Шумо ва амали ҷарроҳии қалб, ки бояд анҷом диҳед, бисёр мутаассир шудам",- омадааст дар номаи Эмомалӣ Раҳмон.
Зимнан, дар барқия қайд кардааст, ки аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, бародари гиромӣ, шифои комил хоҳонам.
"Умедворам, ки аз бистари беморӣ ба ҳаёти рӯзмарраи худ ҳарчӣ зудтар қадам ниҳода, фаъолияти сермасъули хешро баҳри рушду шукуфоии беш аз пеши кишвари дӯсти Покистон бо нерӯи тоза идома хоҳед дод",- қайд гардидааст дар хотима.
Маврид ба ёдоварист, даҳаи аввали моҳи равон дар Тоҷикистон маросими ифтитоҳи татбиқи пружаи КАСА-1000 баргузор гардид, ки дар он баробар бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ва Сооронбой Жээнбеков,нахуствазири Қирғизистон ширкат карданд.
Сармоягузорони аслии ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои саҳмгузорӣ дар бунёди хатти интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон изҳори омодагӣ кардаанд.