Озода Раҳмон, духтари президент узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд

© Sputnik / Амир ИсаевОзода Эмомали. Акс аз бойгонӣ
Озода Эмомали. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳмон Озода Эмомалӣ 3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва соҳиби 5 фарзанд мебошад.

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, Озода Раҳмон  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ интихоб шудааст.

"Дар Душанбе иҷлосияи якҷояи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт баргузор гардид, ки дар он роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур Раҳмон Озода Эмомалӣ якдилона узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд",- омадааст дар иттилоъияи расмии палатаи болоии парлумони кишвар.

Бону Озода Раҳмон рӯзи 14 апрел дар иҷлосияи панҷуми маҷлиси вакилони халқи пойтахт номзад ба узвияти Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии рақами 4-и шаҳри Душанбе пешниҳод шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Озода Раҳмон ордени Шараф тақдим кард - Sputnik Тоҷикистон
Қадрдонии духтари президент бо ордени “Шараф”

Маврид ба тазаккур аст, ки аз ҳавзаи чоруми пойтахт дар ММ МО Бахтиёр Худоёрзода, раҳбари собиқи дастгоҳи президент намояндагӣ мекард. Худоёрзода дар поёни моҳи январ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъин шуд ва дигар ҳаққи узвият дар Маҷлиси миллиро надорад.

Маҷлиси миллӣ- палатаи болоии парлумони Тоҷикистон маҳсуб шуда, 33 нафар аъзо дорад. 25 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ тавассути овоздиҳӣ дар иҷлосияҳои маҷлисҳои вакилони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб карда мешаванд. 8 нафар аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат аз ҷониби президенти кишвар таъйин мегарданд. Қаҳҳор Маҳкамов ба унвони раисиҷумҳури собиқи Тоҷикистон низ узви умрбоди Маҷлиси Миллист.

Палатаи болоии парлумони кишвар қарору қонунҳои аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвибшударо тасдиқ мекунад ва ҳамчунин салоҳияти таъину барканории раҳбарону додрасҳои Додгоҳи Қонуни Асосӣ, Додгоҳ олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодиро дошта, таъин ва барканории додситони кулл ва муовинони ӯ низ бо ризоияти палатаи болоии парлумони Тоҷикистон сурат мегирад.

Аз замони таъсисаш дар соли 2000 раисии Маҷлиси Миллиро шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бар ӯҳда дорад.

Ҳолномаи Озода Раҳмон:

Раҳмон Озода Эмомалӣ 3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Раҳмон Озода Эмомалӣ солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст.

Солҳои 2005-2007 кордори фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Амрико, солҳои 2007-2009 раҳбари раёсати консулии вазорати хориҷа, солҳои 2009-2014 муовини вазири хориҷа ва аз 15 майи соли 2014 муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон буд.

Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дошта, забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Рӯзи 27 январи соли 2016 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, Озода Раҳмон раҳбари дастгоҳи президент таъин шуд.

Лентаи хабарҳо
0