ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Платформаи байналмилалии блоггерии мавсум ба " Global Voices" исми 6 бонуи тоҷикро, ки дар мавриди онҳо дар шабакаи иҷтимоии Facebook таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, муаррифӣ кардааст.
Дар ин матлаб, ки "Global Voices" нашр кардааст, дар бораи занони тоҷики бештар маъруф ва "пурнуфуз" дар шабакаи Фейсбук сухан рафта, қайд мешавад, ки онҳо махсус барои "саҳми арзанда ва босазо дар фазои Тоҷикистони муосир" баргузида шудаанд.
Дар радаи аввали ин феҳраст аз таблиғгарбонуи тоҷик, ё ба истилоҳ промоутери серкори фарҳанги тоҷикон Манзура Маҳкамова ном бурда мешавад.
"Собиқ мушовири президент оид ба масоили иқтисодӣ, модари ду фарзанд, молики тиҷорати муваффақи консалтингӣ Манзура Маҳкамова то шинохта шуданаш дар Facebook аъзои фаъоли чанд гуруҳ дар ин шабакаи иҷтимоӣ буд",- омадааст дар матлаби мазкур.
Қайд мешавад, ки ӯ дар Facebook гуруҳи "I love Хуҷанд" —ро бунёд гузошт, то ба рушди ҷаҳонгардӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар дуввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон мусоидат намояд.
Дар зинаи баъдии ин рӯйхат собиқ рӯзноманигор, алъон масъули ширкати маъруфи мухобиротӣ, Шаҳноз Комилзода қарор дошта, ӯро "маликаи шабака" хондаанд. Бону Комилзода модари ду фарзанд буда, Global Voices ӯро "хонуми маъруфтарини Тоҷикистон дар Facebook" эълон кардааст.
Ҳамзамон, ба қатори "хонумҳои маъруфи Тоҷикистон", Парӣ Саидова ҳамчун "Соҳибхоназани олимақом", Манижа Ҳаитова- тоҷирзани муваффақ, Файзинисо Воҳидова- барандаи "Садои ҳақ" ва Макнуна Ниёзова чун "Симои мӯди тоҷик" ворид гардидаанд.