ВАО: Туркия манотиқи марзии Ироқро бомборон кард

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкБомборони мавзеъщои ДИИШ дар Сурия
Бомборони мавзеъщои ДИИШ дар Сурия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Туркия дар шарҳи мустақар шудани неруҳои худ дар ин минтақаи Ироқ гуфтанд, ин як "чархиши барномарезишуда" барои тамринҳои низомӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ҳавопаймоҳои зарбазани Туркия ҳарими ҳавоии Ироқро нақз карда, дар ноҳияи ал-Имодияи вилояти Даҳук бомб партофтаанд, навиштааст РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Fars News.

Намояндаи доимии Русия дар СММ  Виталий Чуркин. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба пирӯзии ақли солим дар Туркия эътимод дорад

Тавре шоҳидон гуфтаанд, ин ҳамла ним соат идома ёфта, дар пайи он мавқеъҳои Ҳизби коргарони Курдистон мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд. Ба қавли манобеи хабаргузорӣ, зарбазанҳои Туркия шоми сешанбе ҳам пойгоҳи ҲКК дар минтақаи куҳии Ироқ, воқеъ дар Қандилро бомборон кардаанд.

Ин ҳамлаҳои ҳавоӣ замоне шуруъ шудаанд, ки Туркия неруҳои худро дар шимоли Ироқ, минтақаи Башик, наздикиҳои шаҳри Мосул мустақар кардааст. Шаҳри Мосул дар ҳоли ҳозир таҳти тасарруфи ДИИШ қарор дорад.

Мақомоти Туркия дар шарҳи мустақар шудани неруҳои худ дар ин минтақаи Ироқ гуфтанд, ин як "чархиши барномарезишуда" барои тамринҳои низомӣ мебошад.

Довуд-оғлу: Туркия низомиёнро ба Башики Ироқ намефиристад

Рӯзи 4 декабр сарбозони артиши Туркия ва теъдоде аз техникаи низомии он кишвар бо баҳонаи тамриндиҳӣ ва омӯзиши ҷангиёни курд вориди минтақаи Найнавои Ироқ гардиданд. Бағдод ин амали Анқараро мувофиқанашуда ва "амали душманона" номид.

Шӯрои амнияти СММ зимни як ҷаласаи пушти дарҳои пӯшида мавзӯъи воридшавии неруҳои низомии Туркия ба қаламрави Ироқро баррасӣ кард.

"Бовар дорем, ки нигаронии дабири кулли СММ ва бархе аз аъзоёни Шӯрои амнияти ин ниҳод ба ҳукумати Туркия мерасад ва "сари гарм"-и Анқара каме хунук хоҳад шуд. Туркия бояд вазъро дар Ироқ танзим кунад, ки он ба нафъи Бағдод анҷом шавад",- гуфт намояндаи доимии ФР дар СММ Виталий Чуркин дар ҳошияи ин баррасӣ.

Лентаи хабарҳо
0