Омодагии Корпоратсияи исломии рушд барои кумак ба ҶТ

© Sputnik / Амир ИсаевРаиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нишаст ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои дигари ҳамкории дуҷонибаро барои солҳои ояндаро муҳокима намуданд.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Аснои мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мудири рушди соҳибкорӣ ва Департаменти ҳамкории Корпоратсияи исломии рушд Фарид Масмоудӣ, инчунин намояндаи минтақавии корпоратсия оид ба ИДМ ва Аврупо Самир Тагиев дурнамо ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисоди мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии БМТ.

Низоми бонкии ҷумҳурӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории боз ҳам қавитар ва барои ҷонибҳо манфиатовар ҳамеша омодааст",- иброз дошт дар мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Корпоратсияи исломии рушд бо мақсади зиёд кардани имкониятҳои молиявии ташкилоти молиявии маҳаллӣ, аз қабили ширкатҳои лизингӣ ва бонкҳо метавонад хаттҳои маблағгузорӣ ифтитоҳ намояд ва ё дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба ҷумҳурӣ кумак расонад.

Зикр гардид, ки дар айни замон корпоратсия метавонад ширкатҳои маҳаллиеро, ки сохтори устувори корӣ доранду метавонанд фаъолияти худро хуб пеш баранд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чораҳои ҷадиди БМТ барои ҷалби асъори хориҷӣ

Дар робита ба ин, Ҷамшед Нурмаҳмадзода пешниҳод намуд, ки барои дастгирии муҳоҷирони кории ба Ватан баргашта лоиҳаи нави маблағгузорӣ оғоз шуда, Корпоратсияи исломии рушд дар бунёди чор сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот дар чор минтақаи ҷумҳурӣ саҳм гузорад.

Ҳамзамон, оқои Фарид Масмоудӣ дар навбати худ пешниҳоди раиси Бонки миллии Тоҷикистонро пазируфта, иброз дошт, ки Корпоратсияи исломии рушд ва сохторҳои марбутаи Бонки исломии рушд илова бар ин, тибқи лоиҳаҳои хеш ба содиркунандагони молу маводи дохилӣ ва соҳибкорони хурду миёна барои пӯшонидани эҳтиёҷоти молиявии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати онҳо маблағгузорӣ менамоянд.

Гуфтанист, маблағгузории соҳибкории хурду миёна аз тариқи бонкҳои маҳаллӣ ва истифодаи захираҳои ба нақша гирифтаи ташкилоти молиявии исломӣ (Ширкати лизинги исломӣ, Бонки исломии рушд ва Хазинаи исломии дастгирии соҳибкории хурду миёна) анҷом дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0