Покистону Тоҷикистон масоили ҳамкориро баррасӣ мекунанд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook / Гузариш ба медиабонкМулоқоти раисҷумҳури ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф. 11 ноябри соли 2015
Мулоқоти раисҷумҳури ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф. 11 ноябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо сарвазири Покистон санадҳои бисёри танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо хоҳанд расид.

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Шоми рӯзи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Исломобод, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод президенти Тоҷикистонрон нахуствазири он кишвар Муҳаммад Навоз Шариф ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф. Саҳифаи расмии хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон хостори доду ситади бештар бо Покистон шуд

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии сарвари давлат барои пазироии меҳмони олимақом фурудгоҳ бо парчамҳои ҳар ду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд.

Ба ин муносибат дар фурудгоҳи Исломобод ҳамчунин аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд, ки танҳо хоси сафарҳои давлатии меҳмонони олимақом аст.

Гуфта мешавад, мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Покистон имрӯз, 12 ноябр оғоз мегарданд.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар дар шаҳри Исломобод Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазир ва президенти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Мамнун Ҳусейн, инчунин бо дигар шахсони воломақом вохӯриҳо анҷом диҳад.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо сарвазири Покистон санадҳои бисёри танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо хоҳанд расид.

Ҳамчунин баргузории анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Покистон дар назар аст, ки боиси муаррифии имконоти ҳамкории босамар ва ба миён омадани робитаҳои мустақим миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0