Футбол: тилло насиби “Истиқлол”-у нуқра аз “Хуҷанд”, биринҷӣ номаълум

© Sputnik / Амир ИсаевБозигарони тими "Равшан" ва дастаи "Истиқлол" қабл аз бозӣ. Акс аз бойгонӣ
Бозигарони тими Равшан ва дастаи Истиқлол қабл аз бозӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бозиро дар майдони худ бо тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Тавре аз ФФТ ба Sputnik иттилоъ доданд, бозии мавқуфгузоштаи даври чордаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Истиқлол"-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт.

Ба қавли манбаъ, ин бозӣ рӯзи панҷшанбеи 5 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.

“Равшан” ба ҷои севвум баромад, “Истиқлол” бозии бе гол анҷом дод

Ба голи бозигари меҳмонон Зиёвуддин Фузайлов ҳамлагари мизбонон Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ, бо гол посух дод. Ин мусовӣ ба дастаи "Хуҷанд" имкон дод, ки пешакӣ ҷоизадори нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон шавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст. "Истиқлол", ки бо 44 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад, сарфи назар аз натоиҷи ду бозии боқимондааш муқобили «Барқи тоҷик» ва «Хуҷанд» медалҳои тиллои мусобиқотро азони худ кардааст.

Ҳамзамон, тими "Хуҷанд"- Хуҷанд, ки бо 36 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад, бо медалҳои нуқра сарфароз мешавад. Барои ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ се даста — "Равшан"-и Кӯлоб, "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода ва "Хайр" —и Ваҳдат талош хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0