ВАО: Дар пайи суқути ҳавопаймои ИМА дар Афғонистон 14 кас ҷон додааст

© Sputnik / Владислав Ушаков / Гузариш ба медиабонкПойгоҳи низомии ҳавоии ИМА "Манас"
Пойгоҳи низомии ҳавоии ИМА Манас - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои ҳамлу нақли низомии “С-130 Hercules”-и неруҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар ҳудуди шаҳри Ҷалолобод,шарқи Афғонистон суқут кардааст.

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар пайи суқути ҳавопаймои низомии "С-130 Hercules"-и неруҳои ҳавоии ИМА дар Афғонистон 14 нафар ба ҳалокат расидааст, менависад РИА Нвосоти бо истинод ба телевизиони АВС, ки такя ба намояндагии Вазорати мудофиаи ин кишвар хабар додааст.

Ҳавопаймои низомии "С-130 Hercules"-и неруҳои ҳавоии ИМА шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар наздикии фурӯдгоҳи шаҳри Ҷалолободи Афғонистон ба замин сарозер шудааст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар дохили ҳавопаймо 11 нафар, аз ҷумла 6 тан аз намояндагони неруҳои мусаллаҳи ИМА ва 5 корманди ғайринизомӣ буда, иттилоъ дар мавриди ҳузури сокинони осоишта ҳанӯз рӯи даст нест. Инчунин се нафар аз шаҳрвандони Афғонистон ҳам дар пайи суқути ҳавопаймо ҷон додаанд, ки замони сарозер шудан дар макони ҳодиса ҳузур доштаанд.

Сабабҳои суқути ҳавопаймо ҳанӯз маълум нест, вале бар асоси иттилои аввалия ҳадафи тири гуруҳе қарор нагирифтааст.

Амм ҷангиёни Толибон иддао доранд, ки як ҳавопаймои низомии ИМА-ро мавриди ҳадаф қарор додаанд ваон дар шарқи Афғонистон суқут кардааст. Дар ин бора хабаргузории Франс Пресс бо истинод ба изҳороти гуруҳи Толибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.

С-130 "Геркулес" — ҳавопаймои ҳамлу нақлест, ки аз соли 1950 ба ин сӯ, аз сӯи ширкати "Lockheed" истеҳсол мешавад. Дар давоми беш аз 40 сол "Lockheed" зиёда аз 2,2 ҳазор адад истеҳсол намудааст.

Лентаи хабарҳо
0