Имсол тоҷикистониён дар бонкҳо 1,6 миллиард сомонӣ амонат гузоштаанд

© Sputnik / Амир ИсаевПули сомонӣ
Пули сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми умумии пасондозҳо дар аввали соли равон 6 миллиарду 639,6 миллион сомонӣ арзёбӣ шуда, то моҳи август ин нишондод 1,6 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 23 сентября — Sputnik. Аз аввали соли равон ҳаҷми пасондозҳо дар бонкҳои Тоҷикистон 1,6 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии онҳо ба 8 миллиарду 263,1 миллион сомонӣ расидааст, — менависад сомонаи Бонки миллӣ

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34% зиёд мебошад. 

Ҳаҷми умумии пасондозҳо дар аввали соли равон 6 миллиарду 639,6 миллион сомонӣ арзёбӣ гардида буд. То моҳи август ба ин нишондод 1,6 миллиард сомнии дигар зам шудааст.

"Тавре таҳлилҳои таркиби бақияи пасандозҳо нишон доданд, 40,3 фоизи пасандозҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 59,7 фоизи пасандозҳои дигар ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Таҳлили боло бори дигар аз зиёд шудани боварии мардум ба низоми бонкии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад",- менависад манбаъ.

Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,61 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,63 фоизи солонаро ташкил намуданд.

 

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0