ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, 85 муҳоҷири меҳнатии тоҷик дубора ҳаққи сафар ба қаламрави Русияро дарёфт кардаанд, менависад сомонаи ин ниҳоди давлатӣ.
Ба иттилои хадамот, ин иқдом дар пайи номаи расмии ҷониби Тоҷикистон унвонии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, аз сар гирифта шудааст.
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, аз аввали соли равон ҷониби Русия ба беш аз 1200 муҳоҷири тоҷик, ки вурудашон ба ин кишвар манъ буд, дубора иҷозаи сафар додааст. Манбаъ меафзояд, 17 ҳазору 880 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рӯйхати афроди аз ҳаққи сафар ба Русияро маҳрум ҳангоми сафар ба ин кишвар баргардонида шудаанд.
"Имрӯзҳо муроҷиати шаҳрвандон аз минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҷумла, вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба Дастгоҳи марказӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст", — омадааст дар сомона.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, бештари афроде, ки исмашон дар ин рӯйхати мамнӯъшудаҳо қарор гирифтааст, аз ин тасмим огоҳӣ надоранд ва барои мушаххас кардани ин ҳолат ба хадамот муроҷиат мекунанд. Манбаъ мегӯяд, вақте шаҳрвандон муроҷиат мекунанд, маълум мешавад, дар рӯйхати мамнӯъулвуруданд.
Ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия марзи як миллионро убур мекунад ва беш аз 300 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар рӯйхати мамнӯъшудаҳои он кишвар қарор доранд.