Дар зиндонҳои Русия 7 ҳазор атбоъи тоҷик адои ҷазо мекунанд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкБоздоштшуда. Акс аз бойгонӣ
Боздоштшуда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон атбоъи тоҷике, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд умдатан ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир, қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ муҷозот шудаанд.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Ҳафт ҳазор нафар атбоъи Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, хабар дод рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон омбудсмени тоҷик Зариф Ализода.

Ба гуфтаи вай онҳо дар зиндонҳо ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир, қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ қарор доранд.

Худи омбудсмен ба гуфтаи худаш барои ошноӣ бо вазъи атбоъи тоҷик дар зиндонҳои Русия ба ин кишвар соли 2013 сафар кардааст.

Ҳероин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ду табаъайи тоҷик дар Русия барои 16 кг ҳероин муҷозот шуданд

"Он замон теъдоди онҳо ба 4 ҳазор нафар расида буд. Дар якуним соли ахир теъдоди онҳо 43% афзоиш ёфтааст, ки мояи нигаронии мо шудааст", — зикр кард Ализода.

Дар қаламрави Русия ба гуфтаи вай мавзӯъи ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳоро консулгариҳои Тоҷикистон пайгирӣ мекунанд.

"Дар Русия мо ҳамагӣ се консулгарӣ дорем: дар Москав, Екатеринбург ва Уфа. Вале сареъан расидагӣ кардан ба мушкилоти куллияи шаҳрвандони мо дар ин кишвар ғайриимкон мебошад", — зикр кард омбудсмен.

Ба ин далел изофа кард вай, базудӣ ба иртикоби Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ду консулгарӣ дар Краснодар ва Санкт-Петербург таъсис дода мешаванд.

"Дар Петербург феълан танҳо як консули фахрӣ фаъол аст ва ӯ аз салоҳияти консули маъмулӣ бархурдор нест. Ба ин далел вай наметавонад аз вазъи зиндониёни тоҷик дар ин шаҳр дидан кунад", — тавзеъ дод Ализода.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбе мудири АНММ ҶТ Рустам Назарзода ба хабарнигорон гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир 202 атбоъи тоҷик дар хориҷи кишвар боздошт шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30% камтар аст.

Аз ин теъдод 193 нафар дар Русия боздошт шудаанд, ки умдатан дар Москав ва вилояти он муртакиби ҷароими мухаддаротӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0